Истеъмолкунандагони гиромӣ!
Тавре маълум аст, бо фарорасии фасли сармо талабот ба маҳсулоти консеравашуда зиёд мегардад. Аз ин рӯ, аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми харидорӣ ва истифодаи маҳсулоти консервашуд бо диққат бошед, зеро дар ҳолати вайрон будани ин гуна маҳсулот шумо метавонед заҳролуд шуда, ҳатто ба ботулиз гирифтор шавед.
Хотиррасон бояд кард, ки ба ботулизм бештар гирифтор шудани одамон дар Тоҷикистон аз солҳои 70-уми асри 20 ибтидо мегирад. Дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соле даҳҳо оила бо ташхиси бемории ботулизм бистарӣ гардонда мешаванд, ки сабаби он истеъмоли консервҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбӯруғ, сир, қаламфур, карам ва монанди инҳо аст. Барои пешгирии ин беморӣ ба қоидаҳои тайёр кардани консерва дар хона (хусусан коркарди ҳароратӣ) ва нигаҳдории онҳо қатъӣ риоя кардан лозим аст. Консервҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро истеъмол кардан мумкин нест.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби заҳролудшавии одамон ин истеъмоли хӯришҳои консервашуда, аз он ҷумла дар шароити хона тайёр гардидаанд, мебошанд. Ҳамчунин, асоси рўй додани ин ҳолат ҳангоми омода намудани маҳсулот риоя нагаштани талаботи беҳдоштӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ мебошад.
Пешгирӣ
Танҳо консерваҳои бо тамға ва санаи истеҳсол равшанро харед.
Консерваҳоро дар ҷои хунук ва хушк нигоҳ доред.
Пеш аз истифода ба банкан назар кунед, агар он кафк кунад, овоз диҳад ё бӯйи нохуб дошта бошад, истифода набаред.
Шаҳрвандони азиз!
Бо баланд бардоштани маърифати омода ва нигоҳдории консерваҳо худ ва наздиконатонро аз заҳролудшавӣ ва дигар бемориҳо нигоҳ доред. Ҳамчунин, дар беҳдошт ва саломатии ҷомеа бетараф набошед.
Аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоед ва дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиатон ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намоед.
Суроға:
ш.Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 42/2
Тел: 2-33-68-69, 2-33-44-99

Тоҷикстандарт огоҳ мекунад!
Блоки рекламавӣ


