Дар шаҳри Лимаи Перу дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон ҷудочии нуздаҳсолаи тоҷик Муҳиддин Асадуллоев ( дар вазни 73 кг) дар финал ба Рюсэем Аракавойи ҷопонӣ пирӯз шуд ва чемпиони нави ҷаҳон дар миёни ҷавонон гардид.
Дар давраи ниманиҳоӣ (полуфинал) Муҳиддин бар дигар варзишгари ҷопонӣ Кейто Кихара ғалаба карда буд.
Соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Душанбе Муҳиддин мақоми сеюмро касб карда медали биринҷӣ ба даст оварда буд ва ҳоло дар шаҳри Лимаи Перу дастоварди Сомон Маҳмадбековро такрор карда, медали тилло ба даст овард.
Блоки рекламавӣ



