Вакилони мардумии Тоҷикистон баъд аз тақрибан ҳашт сол созишномаеро тасвиб карданд, ки имкон медиҳад шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар то 60 рӯз бе сабти ном зиндагӣ кунанд.
Дар нишасти Маҷлиси намояндагон дар рӯзи 9-уми январ тарҳи “Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Қирғизистон ва шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон”- ро тасвиб кардаанд, ки соли 1 феврали соли 2018 ба имзо расида буд.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҳузури вакилони мардумӣ гуфтааст: “созишнома ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дўстона миёни кишварҳо, танзими ҳуқуқии сафарҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳузури шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар равона шудааст.” Ба гуфтаи ӯ, дар ин санад мӯҳлату ӯҳдадориҳои сабти ном ва ё аз ин шарт озод кардани шаҳрвандон таъйин шудааст.

Тоҷикону қирғизон шаст рӯз бе сабти ном меҳмони ҳамдигар мешаванд
Блоки рекламавӣ


