Аз 27-уми феврал то 1-уми марти соли 2026 дар Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо Tashkent Grand Slam 2026, баргузор мешавад, ки Тоҷикистонро дар он 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) муаррифӣ менамоянд.
Барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ, Tashkent Grand Slam 2026 то рӯзи 16-уми феврал 396 варзишгар (224 мард ва 172 зан) аз 41 давлатӣ чаҳор қора номнавис гардидаанд. Тоҷикистонро дар сабқати мардон Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов ҳарду дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов ҳарду дар вазни то 66 кг, Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф ҳарду дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев ҳарду дар вазни то 81 кг, Умар Расулов, Музамир Каримзода ҳарду дар вазни то 90 кг, Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов ҳарду дар вазни то 100 кг ва Некрӯзшоҳ Некбахтзода дар вазни +100 кг муаррифӣ месозанд. Дар сабқати занон бошад, аз Тоҷикистон Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан дар вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кг қувва месанҷанд. Варзишгарон дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мешаванд. Ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мешавад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 евро, барои ҷойи дуюм 3000 евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ медиҳанд.

Тоҷикон ба тасхири Тошканд мераванд!
Блоки рекламавӣ


