Ҳафтод донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳҳои Туркия ройгон дохил гаштаанд.
Расмиёти таҳсил ва сафари ин донишҷӯён бояд то 19-уми сентябр анҷом ёбад.
“Имсол 68 донишҷӯйи тоҷик тариқи барномаи “Бурсияҳои Туркия – 2025” ба донишгоҳҳои Туркия қабул гардидаанд” – навиштааст Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш.
Ӯ бо муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик эълон кардааст, ки раводиди таълимӣ баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз сӯи сафорат ройгон дода мешавад.
Сафир тавсия додааст, ки барои тасдиқи ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи консулии сафорати Туркия дар Тоҷикистон ва барои гирифтани раводид ба Маркази дархости раводиди “ABC” муроҷиат кунанд.
Инчунин, донишҷӯёни тоҷик метавонанд саволҳои худро тариқи почтаи электронии tbdistemsilcilikler@turkiyeburslari.gov.tr ирсол кунанд.
Вазорати маорифи кишвар соли гузашта хабар дода буд, ки беш аз 900 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои олии кишвари Туркия таҳсил менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь