25-уми октябри соли 2025 дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод аз қаторкӯҳои Исмоили Сомонӣ, аз як пиряхи бузург як пора канда шуда, аз тариқи дара поён лағжидааст.
Бино ба гузориши расида дарозии ин пиряхи кандашуда ҳудудан ду километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр аст.
Ба иттилои мақомоти тоҷик ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар дар пай надоштааст. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, бар асари бориши боронҳои сахт ва такроран кандани пирях аз баданаи пиряхи бузург, он метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях вуҷуд дорад. Тоҷикистони кӯҳистонӣ бо пиряхҳои хурду бузургаш манбаи аслии об дар Осиёи Марказӣ аст, вале дар 30 соли ахир ба сабаби гармоиши курраи Замин бештар аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо масъалаи обшавии пиряхҳоро дар ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ матраҳ карданд, аммо то ҳол тадбире муассир барои пешгирӣ аз обшавии кӯҳҳои бузурги ях дар назар гирифта нашудааст.

Тоҷикобод: Пораи азими як пирях канда шудааст
Блоки рекламавӣ


