Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) макон ва замони баргузории бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Филиппинро тасдиқ намуд.
Бозии ниҳоии даври интихобӣ дар гурӯҳи “А” рӯзи сешанбеи 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19 доир мегардад.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин 13-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва Филиппин дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чоруманд.
Дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон муборизаро барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 давом медиҳанд ва
тақдири роҳхати ягона аз гурӯҳи “А” ба қисми ниҳоии мусобиқот дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ байни ин ду даста 31-уми март ҳал хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь