“27 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломризо Амирхонӣ мулоқот намуд” – хабар додаанд аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Ҷонибҳо доир ба самтҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои китобдорӣ, танзими давраҳои омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва бойгонӣ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, табодули китобҳо ва дастхатҳои қадимӣ ибрози назар карданд.Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи китобдорӣ ва фарҳанг густариш медиҳанд.
Блоки рекламавӣ



