Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Дубай бозии санҷишии якумро анҷом дод.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи Тоҷикистон дар аввал тибқи нақша бояд бо дастаи мунтахаби Замбия қувва меозмуд, аммо мушкилоти раводид ба тими африқоӣ монеъ шуд, ки сари вақт ба Дубай расанд. Дар ниҳоят дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо дастаи Каледонияи Нав рақобат кард. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина-Фасо (11 ноябр) вомехӯрад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь