Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни футболбозони то 23-сола тими Непалро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб намуд.
Ин бозии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “К” шаби чоршанбеи 3-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуд. Бозӣ бо бартарии футболбозони ҷавони тоҷик сурат гирифтаю Муҳаммадалӣ Азизбоев ду гол, Раҳматшо Раҳматзода ва Далер Шарипов якголӣ заданд.
Дар бозии дигари даври аввал дар гурӯҳи “К” дастаи мунтахаби ҷавонони Сурия бар тими Филиппин бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.
Ба ин тартиб, пас аз аз натиҷагирии даври якуми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “К” дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистону Сурия бо сеимтиёзӣ дар зинаи авваланд.
Бозиҳои гурӯҳи “К” бо иштироки тимҳои ҷавонони Тоҷикистон, Непал, Филиппин ва Сурия дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе то рӯзи 9-уми сентябр идома меёбад.
Ғолибони 11 гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин чаҳор тими беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё (U-23), ки аз 7-ум то 25-уми январи соли 2026 дар Арабистони Саудӣ доир мешавад, роҳ меёбанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь