Тоҷикистон барои таъминоташ дар нуҳ моҳ беш аз як млрд доллар маводи сӯхт харид.
“Дар Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи нафтро афзоиш, аммо суръати коркарди он коҳиш ёфт”, – хабар медиҳад Оҷонсии омори кишвар.
Ба иттилои манбаъ, моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҷумҳурӣ қариби 14 ҳазор тонна нафти худиро истихроҷ кард. Ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта наздики 19% зиёд мебошад, иттилоъ дод манбаъ. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ – 23,2% кам шуд. Сабаби коҳиш камшавии истеҳсоли мазут – 25,6%, сӯзишвории дизелӣ – 10,7% аст. Тайи ин муддат дар кишвар истеҳсоли бензинро қариби 18 баробар зиёд шудааст.
Дар ҷумҳурӣ қариби 5,1 ҳазор тонна бензин истеҳсол гардид, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 287 тонна буд. Кишвар барои таъминоташ дар нуҳ моҳ беш аз як млрд долларро харҷи хариди маводи сӯхт аз хориҷа кард.
Ҷумҳурӣ аз январ то сентябри соли ҷорӣ ҳудуди 1,46 млн тонна маводи сӯхт ворид кардааст, ки ин нишондод соли гузашта 1,2 млн тоннаро ташкил медод.

Тоҷикистон истеҳсоли бензинро зиёд кард
Блоки рекламавӣ


