Тоҷикистон намояндагонашро барои ширкат дар иҷлосияи 60-уми Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Женеваи Швейтсария равон кард.
Бар асоси амри Президенти кишвар Юсуф Раҳмон, – дабири Шӯрои амният, Зариф Ализода,- ёвари Президент дар масъалаи ҳуқуқи инсон, ду муовини вазири корҳои дохилӣ, намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Суди олӣ аз номи Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ ширкат доранд.
Ҷаласаҳои пӯшидаи иҷлосияи 60-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милал аз 17 то 23-юми сентябр дар шаҳри Женева баргузор бояд шавад.
Ҳоло дақиқ нест, ки намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ дар кадом мавзӯъҳо сухан мегӯянд.
Блоки рекламавӣ



