Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ду зина боло шуд ва бо 1206,15 имтиёз дар байни 211 тими миллӣ ҷойи 104-умро ишғол мекунад.
Дар ин феҳрист дастаи мунтахаби Испания, қаҳрамони ҳозираи Аврупо, бо 1875,37 имтиёз ҷойи аввалро гирифт. Дастаи мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, низ як зина боло шуд ва бо 1870,92 имтиёз дар мақоми дуюм мебошад. Мунтахаби Аргентина, қаҳрамони ҳозираи ҷаҳон, ду зина поин шуд ва бо 1870,32 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб гардид.
Блоки рекламавӣ



