Тибқи гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажуҳишгоҳи амрикоии афкори умум «GALLUP», Тоҷикистон дар қатори амнтарин давлатҳои ҷаҳон ҷойи дуюмро гирифт.
Дар даҳгонаи кишварҳои амнтарини ҷаҳон Сингапур (98%), Тоҷикистон (95%), Чин (94%), Умон (94%), Арабистони Саудӣ (93%), Кувайт (91%), Норвегия (91%), Баҳрайн (90%) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (90%) қарор гирифтанд.
Солҳои охир Тоҷикистон байни давлатҳои ҷаҳон борҳо ба даҳгонаи кишварҳои амнтарин шомил мегардад.
Блоки рекламавӣ



