Соли 2025 барои Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон соли пур аз муваффақият ва муҳим гардида, бо иштироки фаъолонаи дастаи мунтахаби мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, тавсеаи иқтидори варзишӣ, инчунин навсозии сохторҳои роҳбарии федератсия алоқаманд буд.
Яке аз дастовардҳои асосии соли 2025 барои Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон иштирок дар Чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ World Championship – 2025» ҳисоб мешавад. Дар ин чемпионат варзишгарони тоҷик сатҳи баланди омодагӣ ва рақобатпазирӣ намоиш доданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа дастаи Тоҷикистон соҳиби 40 медал гардид, ки 19 медали он тилло, 12 медал нуқра ва 9 медал биринҷӣ мебошад.
Блоки рекламавӣ



