Дар Тоҷикистон барои ташхис ва муайян кардани омосҳои ҷигар ва дигар бемориҳои мураккаби онкологӣ дастгоҳи муосири аблятсияи микромавҷӣ (Microwave Ablation, MWA) дастрас гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, нахустин маротиба тавассути ин дастгоҳи муосир дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» усули муосири аблятсияи микромавҷӣ (Microwave Ablation, MWA) барои табобати омосҳои ҷигар муваффақона иҷро гардид.
Ин дастгоҳ имкон фароҳам меорад, ки бемориҳои онкологӣ ба таври дақиқ ташхис ва муайян карда шаванд. Амалӣ намудани ин технология марҳилаи муҳим дар рушди онкологияи интервенсионӣ ва ҷарроҳии камзахмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, имконияти табобати муосири беморони гирифтори бемориҳои онкологиро васеъ менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки аблятсияи микромавҷӣ усули баланди технологии камзахмӣ буда, истифода аз энергияи электромагнитии басомади зиёд боиси баланд шудани ҳарорати бофта ва ба вуҷуд омадани некрози коагулятсионии ҳуҷайраҳои омосӣ мегардад. Ин усул бо самаранокии баланд, бехатарӣ ва имконияти истифода дар бемороне, ки барои ҷарроҳии анъанавӣ маҳдудият доранд, фарқ мекунад.
Ин намуди амалиёти ҷарроҳӣ имконият медиҳад, ки табобати омосҳои хушсифат ва бадсифати андозаашон хурди дорои бемориҳои ҳамрадифи хатарнок бе буриш пурра табобат карда шаванд. Беморон баъди як шабонарӯз ба хона ҷавоб дода мешаванд.

Тоҷикистон: Барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Блоки рекламавӣ


