Дар назар аст, ки аз 1 сентябр муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба низоми баҳогузории 10-бала гузаранд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре вазири маориф ва илм илова кард, барои гузариш ба низоми 10-бала корбарӣ идома дошта, журналҳои баҳогузорӣ низ барои низоми бисёрхола омода мебошанд.

Ба андешаи коршиносон, яке аз вазифаву ҳадафҳои асосии низоми нави бисёрхола мутобиқ ва мувофиқ намудани меъёрҳои баҳодиҳии мамлакат ба меъёрҳои байналмилалии баҳодиҳӣ буда, ба таъмини баробарарзишии ҳуҷҷатҳои хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ва бартараф намудани мушкилоти шаҳрвандон дар идома додани таҳсил дар донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷи дуру наздик мусоидат менамояд.

Низом имкон медиҳад, ки системаи арзёбии дохилисинфӣ ва аттестатсия (имтиҳонот) — таъминкунандаи фаъолияти самарабахши системаи таҳсилот такмил ёфта, воситаҳои арзёбии баландсифати ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои давлатҳои пешрафта омода гардад.

Бояд гуфт, ки Низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ ва аз ҷиҳати илму маориф пешрафта, ба мисли Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ, ИМА, Фаронса, Эрон ба таври 20-хола ва ғайра амалӣ гардида истодааст. Дар аксарияти кишварҳо аз меъёрҳои бисёрхолаи баҳодиҳии 10, 12, 20- хола истифода мебаранд.

Зарангези Латиф

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь