Тоҷикистон дар робита ба зилзилаи пурқурбонии ахир дар Афғонистон ба мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ намуд. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз ҳалокат ва маҷруҳ шудани шумораи зиёди мардум дар пайи заминларзаи шадид дар Афғонистон ба мардуми ин кишвар номаи тасаллият равон кард.
“Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози тасаллият ба мардуми Афғонистони ҳамсоя ва бародар, ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониён сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои комилро хоҳон аст”, – навиштааст вазорати корҳои хориҷа дар номааш.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раҳбарони Эрон, Покистон, Чин ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи Иттиҳодияи Аврупо, Туркия ва Ҷопон барои кумакрасонӣ ба осебдидагони зилзилаи Афғонистони эъломи омодагӣ ва ба бозмондагони қурбониён ибрози ҳамдардӣ карда буданд.
Сухангӯии Ҳукумати Толибон( ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон) дар як нишасти хабарӣ эълон кардааст, ки дар пайи заминларзаи ахир дар Афғонистон, 812 нафар дар вилоятҳои Кунар ва Нангарҳор шаҳид ва ду ҳазору 817 нафари захмӣ шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь