Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки барои бештар кардани роҳҳои муҳоҷират, бо 15 кишвар тақрибан чиҳил ҳуҷҷат имзо кардаанд.
Аз ҷумла, бо Белгия, Чин ва Туркияву Ҷопон санади ҳамкорӣ оид ба муҳоҷират имзо шудааст.
Мақомоти Вазорати меҳнат рӯзи сеюми феврал аз имзои ёддошти тафоҳум бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Идораи муҳоҷирати Белгия хабар доданд.
Санади мазкур ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба кишварҳои БЕНИЛЮКС – Белгия, Нидерландия ва Люксембург муҳоҷири корӣ фиристад. Бар асоси ин санад муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, парасторӣ ва тиб машғул шаванд.
Ба гуфтаи мақомот, ҳамчунин 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қатар бо кор таъмин шудаанд ва Ҷумҳурии Корея соли 2025 барои 800 муҳоҷири корӣ квота ё роҳхат пешниҳод кардааст.

Тоҷикистон ба Белгия муҳоҷири корӣ мефиристад
Блоки рекламавӣ


