Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони миллали муттаҳид (СММ), гуфтааст, ки иҷрои қатъномаҳои СММ дар мавриди ташкили давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967, ягона роҳи таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа мебошад. Ӯ ин нуктаро рӯзи 30-юми июл дар Конфронси байналмилалии ҳалли қазияи Фаластин, ки дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк баргузор шуд, изҳор доштааст.

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, дар конфронс намояндаи кишвари мо гуфтааст, ки “Тоҷикистон дар доираи имконоти худ ба мардуми Фаластин кумаки башардӯстона расонидааст ва минбаъд низ омодааст, ки ба он ниёзмандон дастгирии хешро дареғ надорад”.

Дар конфронси мазкур вазирони корҳои хориҷаи 15 кишвар ҷонибдории худро аз таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластин иброз карда, дар як изҳороти муштарак аз ҳамаи кишварҳо даъват намуданд, ки аз онҳо пайравӣ кунанд. Муаллифони изҳорот “вафодории қавии худ” ба ҳалли масъалаи Исроил ва Фаластин бо усули ду давлатро баён доштаанд.

Ба расмият шинохтани Фаластин “қадами асосӣ” дар роҳи ҳалли яке аз дароздарин кашмакашиҳо дар Ховари Миёна хонда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь