Аз 23 то 28 март дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон нахустин маротиба бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд. Тибқи натиҷаҳои озмуни фарҳангӣ, ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоби умумӣ бо гирифтани 7 медал мақоми дуюмро ишғол намуданд.
Ҷойи аввалро ҷавонони Ҷумҳурии Беларус бо 9 медал соҳиб шуданд. Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва 7 медал шуда, ҷавонони Федератсияи Русия ҷойи сеюмро бо 6 медал гирифтанд.
Донишҷӯи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Малика Расулӣ дар номинатсияи санъати тасвирӣ медали тиллоро ба даст овард. Ду нафар медали нуқра ва чор нафар медали биринҷии озмунро гирифтанд. Иштирокчиёни фаъол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломҳои махсуси озмун сарфароз шуданд.
Дар Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷавонони болаёқат аз давлатҳои Тоҷикистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Узбекистон ширкат карданд.
Барномаи бозиҳо аз рӯйи номинатсияи фортепиано, санъати тасвирӣ, сурудхонии анъанавӣ ва эстрадӣ, рақси халқӣ, ди-ҷей, созҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь