Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал омодагии худро дар шаҳри Ҷакарта барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 идома медиҳад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 20 январ футзалбозони Тоҷикистон бозии санҷишии охирини худро дар доираи машқҳои дастҷамъӣ дар Индонезия анҷом доданд. Ҳарифи дастаи мо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ буд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 ба анҷом расид.
Қаблан дар Ҷакарта дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду бозии санҷишии дигар анҷом дода, аз Қирғизистон (2:4) мағлуб шуд ва Индонезияро (3:1) шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 дастаи миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ мекунад.
Блоки рекламавӣ



