Соли 2025 Тоҷикистон 187 миллион доллар қарзи хориҷиашро кам намуд. Вазорати молияи Тоҷикистон навиштааст, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон 3 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки ба 17,1 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
Тоҷикистон асосан қарзашро дар назди “Эксимбонк”-и Чин ва аз ҳисоби евробондҳо кам кард. Аз ҷумла, қарз аз “Эксимбонк”-и Чин аз 820 миллион доллар ба 737 миллион доллар кам шудааст.
Блоки рекламавӣ



