Дар Тоҷикистон платформаи нави рақамии миллӣ — «tojikfilm.tv» ба фаъолият сар кард. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» гуфтанд.
Платформаи миллии синамоии «tojikfilm.tv» бо назардошти стандартҳои байналмилалии рақамӣ таҳия шуда, сифати баланди намоиши филмҳоро таъмин менамояд. Тавассути ин платформа сокинони кишварҳои гуногуни ҷаҳон метавонанд ба осонӣ ба филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намуда, филмҳои миллиро бо сифати баланд тамошо намоянд.
Дар платформа филмҳои бадеӣ, мустанад, классикаи синамои тоҷик ва филмҳои муосири соҳибистиқлолӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Дӯстдорони синамои тоҷик имкон доранд филмҳои миллиро дар ин платформа онлайн тамошо кунанд.
Вобаста ба нархгузории ин платформа ва ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои муосири рақамӣ ва талаботи тамошобинон директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар мувофиқа бо Агентии зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши истифодаи платформа дар як моҳ 10 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бо ин маблағ дӯстдорони синамои тоҷик метавонанд ҳама филмҳои миллиро тамошо намоянд.
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» гуфт, ки ҳадафи асосии таъсиси платформа дастраси шаҳрвандон намудани филмҳои миллӣ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь