20-уми октябри соли 2025 дар кинотеатри “Ватан” маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Қирғизистон дар Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ин чорабинӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои судманди ду халқи бародар — тоҷикон ва қирғизҳо баргузор шуда, ба таҳкими ҳамкориҳо миёни синамогарони ҳарду кишвар заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Ин иқдом ба рушди минбаъдаи синамои миллӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштараки синамоӣ дар соҳаи кинематография мусоидат хоҳад кард.
Мухлисон ва дӯстдорони синамо дар муддати се рӯз имконият доранд, ки филмҳои ҳунарии Қирғизистон — «Шамбала» ва «Эсимда»-ро тамошо намоянд.
Ёдрас мешавем, ки Ҷашнвораи байналмилалии синамои Душанбе “Тоҷи Сомон”, ки таҳти унвони «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мегардад, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 15-ум то 20-уми октябри соли 2025 баргузор мешавад. Ин ҷашнвора ба Рӯзи кинои тоҷик бахшида шуда, дар шаҳри дилоро — Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар доир мегардад.
Марҳабо ба II Ҷашнвораи байналмилалии синамои Душанбе “Тоҷи Сомон!”
Абдураҳмон Раҳмонов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь