24 феврал дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки алоқамандони синамо, муассисаҳои эҷодӣ, филмноманависон, коргардонҳо ва эҷодкорону филмофарон муаррифии лоиҳаҳои синамоӣ баргузор гардид.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни рӯнамоӣ 12 лоиҳаи нави синамоӣ барои таҳияи филмҳои бадеии пурраметраж, кӯтоҳметраж ва мустанад муаррифӣ карда шуд.
Мақсади баргузории рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ таҳияи филмҳои гуногунжанр дар соли 2026, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби ҷавонони эҷодкор ба соҳаи синамо мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь