Духтури ҷарроҳи тоҷик Ҳасан Хайруллоев. Бо ин ном пас аз хондани номаи сӯгвории ҷомеаи пизишкон ва аҳолии ноҳияи Ёфаъи Яман ошно шудам, ки сомона ва нашрияҳои яманӣ онро ба чоп расондаанд.

Дар замоне, ки ҳар бефарҳанги тоҷикситез бар номи баланди Тоҷику Тоҷикистон ноҷавонмардона метозаду дар шабакаҳои иҷтимоӣ симои миллату майҳани озодаи моро сиёҳ ба тасвир мекашад, ному чеҳраҳое шоиста мисли худораҳматӣ Ҳасан Хайруллоев, ҳатто пас аз марг, болои ҳамаи талошҳои тоҷикситезон хати батлон мекашад.

Ин тоҷики сарбаланд аст, ки саросар аҳолии як минтақаи Яман, як кишвари дур дар нимҷазираи Арабистон, аз реҳлаташ дар ғаму андуҳ менишинанд ва инсонгарии волову хидматҳои софдилонаашро меситоянду аз Худованд барояш омурзишу биҳишти барин металабанд.

Чунин тоҷики сарбаланду бошарафро Худояш биомурзад ва дар биҳишти барин ҷой диҳад, ки номи Тоҷику Тоҷикистонро ҳам дар зиндагиш, ҳам пас аз марги хеш боло бардоштааст.

Дар зер хулосаи тоҷикии номаи сӯгвории яманиҳоро меорам, ки дар сомона ва рӯзномаи “Ад-Дустур /Дастур” бо забони арабӣ мунташир шуда аст:

“Бо дилҳои пур аз имон ба хостаи Худо ва сарнавишт, ҷомеаи пизишкон ва аҳли ҷомеаи ноҳияи Ёфаъ субҳи имрӯз хабари даргузашти табиби ҷарроҳ Ҳасан Хайруллоев дар зодгоҳаш, Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз як умри пур аз хидматҳои башардӯстона ва касбиро дарёфт карданд. Мардуми Русду Сарору Саббо ин пизишки шарифро мешинохтанд, ки беш аз 16 соли умри худро ба хидмати бемористони шаҳид Абду Раббу Ҷуброн Ал-Рашидӣ (Беморхонаи умумии Русд) бахшида, дар он ҷо садҳо ҷарроҳии нозук анҷом дода, дар наҷоти ҷони беморони зиёде саҳм гузоштааст. Ӯ дар рӯзҳои душвор пуштибони соҳаи тандурустии минтақа буд ва ҳама аз самимияту садоқати ӯ шаҳодат медоданд. Саҳми ӯ дар соҳаи тиб маҳдуд набуд. Вай инчунин дар рушди зеринфрасохтори беморхона тавассути ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои хайрия нақши фаъол бозид. Ин талошҳо ба шарофати равобити густурда ва мавқеи барҷастаи ӯ ба дастрасии таҷҳизоти замонавӣ ва доруворӣ, таҷдиди иншооти ҳаётан муҳим дар дохили бемористон ва таъмини кадрҳои тахассусии тиббӣ мусоидат карданд. Доктор Ҳасанро барои хоксорӣ, одамдустӣ ва хислати некаш ҳамаи шахсоне, ки ӯро мешинохтанд, мансабдорону шаҳрвандони одӣ эхтироми калон доштанд. Ӯро намунаи табиби фидокор, ки хомӯшона ва софдилона кор мекард, медонистанд. Рӯзи 20 майи соли 2023 мардуми Яфа дар маркази Нур Ал-Илм дар ноҳияи Расд маросими гиромидошт ва арҷгузорӣ ба ӯро баргузор карданд. Сипари фахриро аз номи ӯ доктор Амина Тоҷиддин, аз хешовандони ӯ, ки дар бемористони Ар-Розии вилояти Абён кор мекунад, гирифт. Дар ин маросим гурӯҳе аз раҳбарони маҳаллӣ, тоҷирон, табибон, роҳбарон ва шахсиятҳои иҷтимоӣ ширкат доштанд. Дар ин маросим арҷгузорӣ ба марҳум бо чанд сипари қадршиносӣ, ба ҷуз маблағи рамзӣ, ҳамчун изҳори сипосгузории мардуми Ёфаъ барои заҳматҳои назарраси башардӯстона ва пизишкии ӯ дар тӯли солҳои зиёд буд.

Худованд доктор Ҳасан Хайрулорҳро раҳмату мағфират кунад ва барои хидматҳояш барои беморон ва ахли Яфаъ беҳтарин подош ва дар паҳнои биҳишташ ҷой диҳад. Ба аҳли хонадон, наздикон ва хешовандонаш сабру таскини зебо бахшад.”

Ин аст намунаи як Тоҷики озода, ки бо дирояту донишу ахлоқи зебо дили ҳазорон ҳазор мардумро дар дуриҳои дур аз Ватан ба даст меорад ва ҳамеша барояш аз Худованд омурзишу раҳмат металабанд.

Зоир Давлат

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь