Парвиз Шодмонзода, роҳбари “Тоҷик Эйр”, 23-юми июл ба хабарнигорон гуфт, “минбаъд дар мавриди молу мулк ва суратҳисоби бонки “Тоҷик Эйр”, дар хориҷи кишвар дар ҳеч гӯшаву канори ҷаҳон ҳабс, маҳдудият ва гаронии дигар вуҷуд надорад.”
Тибқи маълумоти Шодмонзода, “Тоҷик Эйр” аз “Скайроуд лизинг” 36,6 миллион доллар қарздор будааст. Созишномаи оштӣ миёни ду ширкат моҳи январи имсол имзо шуда, ба гуфтаи раиси “Тоҷик Эйр”, моҳи май аз сӯи Додгоҳи арбитражии Маскав тасдиқ шудааст. Бар асоси ин созиш, “Тоҷик Эйр” маблағи заруриро ба суратҳисоби “Скайроуд лизинг” гузаронидааст ва дар иваз ду ҳавопаймои баҳсӣ, моли “Тоҷик Эйр” шудаанд.
“Скайроуд лизинг” аз тамоми даъвоҳои минбаъда даст кашид”,- гуфтааст раиси “Тоҷик Эйр”.
“Фараҳ”
Блоки рекламавӣ