Дар як задухӯрд дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ду афсари тоҷик ва чанд нафари мусаллаҳ аз Афғонистон кушта шудаанд. Мақомот ҳанӯз дар ин бора хабар надоданд. Чанд манбаи аз ҳам ҷудо ба радиои “Озодӣ” гуфтаанд, ки ҳодиса рӯзи 24-уми декабр дар минтақаи Баҳораки ноҳияи Шамсиддини Шоҳин иттифоқ афтодааст.
Ба гуфтаи онҳо, даргирӣ байни марзбонҳои тоҷик ва як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбар аз Афғонистон сурат гирифтааст.
Дар паёме бо акси ин ду нафар навишта шудааст, ки “ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ-ҷангӣ дар задухӯрд бо гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбари афғон захмӣ гардида, ба ҳалокат расиданд”.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Кобул рӯзи 24-уми декабр бо такя ба манобеаш навиштааст, ки дар натиҷаи тирандозӣ аз хоки Афғонистон “ду марзбони тоҷик кушта шудаанд”. Ҳамин нашрия мегӯяд, дар тирандозии ҷавобии нерӯҳои Тоҷикистон ду шахси мусаллаҳ аз Афғонистон кушта шуданд. Яке аз манбаъҳои нашрия аз онҳо қочоқбарони маводи мухаддир ном бурдааст, вале ҳувияташон ҳанӯз мушаххас нест.
Ин ҳодиса дар рӯзе рух додааст, ки Тоҷикистон дар сарҳад бо Афғонистон чор дидбонгоҳи навро ба истифода дод.
Ба нигоштаи манбаъ, дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ дар минтақаи баландкӯҳ ва душворгузари сарҳад бо Афғонистон сохта шудаанд. Минтақаҳое, ки қаблан ба таври зарурӣ муҳофизат намешудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь