Мусоев Алиҷон, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ, дастгир карда шуд.
Номбурда асосан ҷиноятҳои дуздиро дар ҳудуди бозори «Корвон» содир намуда, шумораи зиёди телефонҳои мобилии шаҳрвандонро рабудааст. Баъд аз дастгир гардидан, аз номбурда 17-адад телефонҳои мобилӣ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Айни замон гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Нафароне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии Мусоев А., ҷабр дидаанд, тавассути рақамҳои (+992)018020202 ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь