Додугирифти мол миёни Тоҷикистон ва Чин дар як соли гузашта ба 2 миллиарду беш аз 800 миллион доллар баробар шудааст, ки нисбат ба як соли пештар 844 миллион доллар зиёдтар аст.
Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Чин аз рӯи гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон, миёни кишварҳо дар ҷойи аввал мебошад.
Тибқи омори Хадамот, соли 2025 аз Тоҷикистон ба Чин дар ҳаҷми 523 млн доллар маҳсулот содир шуда, ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ беш аз 2 миллиарду 325 миллион ҳисоб гардид.
Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 12- уми феврал ба хабарнигорон гуфт, воридот аз Чин бештар аз ҳисоби мошинҳои барқӣ ё электромобилҳо афзоиш ёфт. Бахши асосии электромобилҳо ҳоло ба Тоҷикистон аз ин кишвар оварда мешавад. Тоҷикистон бештар маъдану консентрати металҳои гаронбаҳо ва сурбро ба Чин фурӯхтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь