Занеро, ки мехост тифли навзоди худро фурӯшад, боздошт карданд. Ӯро барои содир намудани ҷинояти “хариду фурӯши ноболиғон”, гумонбар донистанд.
Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри наворе дар ин бора гуфт, Зуҳрохон Розиқова сокини ноҳияи Рӯдакӣ қасд дошт, тифли ҳаштмоҳаро бар ивази 100 ҳазор сомонӣ ба каси дигар фурӯшад ва рӯзи 18-уми январ, ҳангоми гирифтани пул боздошт шуд.
Назари худи зан ва сабабҳои ба ин амал даст задани ӯ маълум нест. Мақомот нагуфтаанд, ки сарнавишти баъдии тифл чӣ мешавад.
Нисбати модари тифл бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь