Бюрои украинӣ баста шуд, рӯзноманигоре, ки дар бораи Amazon — тиҷорати асосии соҳиби рӯзнома менавишт,ихтисор шуд, бахши Шарқи Наздик, бахшҳои варзиш ва баррасии китобҳо, шӯъбаи аксбардорӣ ва якчанд хадамоти тиҷоратӣ баста мешаванд. Дар маҷмӯъ, беш аз 300 нафар аз кор ронда шуданд.
Дар нома ва муроҷиати онлайнии сармуҳаррири The Washington Post Мэтт Мюррей гуфта мешавад, ки ҳайати таҳририя ин қадами “дарднок”, вале “заруриро” қабул кардааст, зеро рӯзнома “на ҳама чиз ва барои ҳама” буда метавонад.
“Нашрия бештар ба хабарҳои амрикоӣ, тиҷорат ва тандурустӣ тамаркуз хоҳад кард” – гуфт Мюррей.
“Ман солҳо дар ин ҷо нанавиштаам, аммо хабаре ҳаст. Ман меравам — дар якҷоягӣ бо шумораи зиёди беҳтаринҳо дар касб. Ин даҳшатнок аст ” – навиштааст хабарнигор Каролин О’донован.
О’Донован аз соли 2022 инҷониб мавзӯи саноати технологиро барои The Washington Post пайгирӣ мекард. Вай аз ҷумла дар бораи Amazon, ширкати миллиардер Ҷефф Безос, ки аз соли 2013 соҳиби рӯзнома аст, менавишт.
“Маро навакак аз нашрияи The Washington Post дар авҷи ҳодисаҳои ҷангӣ ронданд. Ман дигар сухан надорам” – навиштааст хабарнигори ҳодисаҳои Украина Лиза Ҷонсон.
Раиси бюрои Украина Шивон О’ Грейди, дар шарҳи қарори қабулшуда, пешаи рӯзноманигориро “шарафи тамоми ҳает”номидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь