Ҳукумати Руссия ба ИМА нотаи расмии дипломатӣ фиристода, талаб кард, ки таъқиби танкери Bella 1 – ро ки ба Венесуэла мерафт, қатъ кунад. Дар Ин бора The New York Times бо истинод ба манбаъҳояш менависад.Тибқи иттилои нашрия, дархост ба департаменти Давлатӣ ва Шӯрои амнияти Миллии кохи Сафед шаби 31 декабр фиристода шудааст.
Бо вуҷуди дархост, низомиёни амрикоӣ таъқиби танкерро идома доданд. Манбаи NY Times гуфтааст, ки мақомоти ИМА танкерро “киштии бешаҳрвандӣ” мешуморанд, зеро дар лаҳзаи тамоси аввал бо посбонони соҳил он зери парчами бардурӯғ мегузашт.
Ба ақидаи нашрия, талаботи Руссия ба ИМА метавонад танишҳои байни ду кишварро дар пасманзари музокироти давомдор оид ба анҷоми ҷанги Руссия ва Украина” тақвият диҳад”. ИМА танкерҳоро дар соҳилҳои Венесуэла забт мекунад, то режими Николас Мадуроро суст кунад. Вашингтон мегӯяд, ки ин киштиҳо дар интиқоли нафти таҳримшуда иштирок мекунанд.
АЗ моҳи сентябр ИМА ба киштиҳои баҳрии Венесуэла, ки мегӯянд дар Вашингтон маводи мухаддир интиқол медиҳанд, зарба мезанад. Дар аввали моҳи декабр ИМА бори аввал бо ҳавопаймои бесарнишин бевосита ба қаламрави Венесуэла зарба зад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь