Дар Исфара бахшида ба Рӯзи матбуот ва 114-солагии нашри нахустин рӯзномаи “Бухорои Шариф” таҳти сарварии шаҳрдори Исфара Шарифҷон Ҷумъазода маҳфили идона баргузор гардид.
Дар он кормандони васоити ахбор, собиқадорони соҳа, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Исфара ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ширкат доштанд.
Шарифҷон Ҷумъазода -иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара зимни ироаи паёми табрикии худ изҳор дошт, ки “Матбуот ва васоити ахбори омма яке аз ин рукнҳои муҳими устувории давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлолмамон аст. Ҳар як намояндаи воситаҳои ахбори омма бояд барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ талош намоянд ва дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад.» Ҳамзамон дар суханронии худ шаҳрдори Исфара ба нақши журналистон, матбуот, телевизион ва радио, блогерону фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар масъалаҳои тарғиби ғояҳои созанда, истифода аз технологияхои муосири иттилоотӣ, ташкили озмуну мулоқотҳо бо ҷомеаву муҳассилини мактабҳои миёнаву олӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон дахл намуда.
Дар маҳфил раиси созмони шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Исфара Абдумуталиб Шарифов, директори Телевизиони Исфара Саҳбон Қурбонов, собиқадори соҳа Судуриддин Маҳкамов, корманди Радиои Исфара Тошмат Раҳмонов ва аъзои ИЖТ Шавкати Мавлон андешаҳояшонро баён доштанд.
Дар раванди маҳфил аҳли нишаст қадршиносӣ гардида, як зумра кормандони ВАО бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд. Ба Телевизиони Исфара бошад, барои таҳкими пояи моддӣ-техникии он камераи насли муосир тақдим карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь