“Интиқоли пойтахт аз Теҳрон зарур шуд” – гуфт Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён, ки суханони ӯро агентии Fars овардааст. Ба гуфтаи ӯ, “қаблан мақомот барои татбиқи ин лоиҳа буҷаи кофӣ надоштанд ва аз ин рӯ онро ғайриимкон мешумориданд. Имрӯз воқеият ин аст, ки мо дигар илоҷ надорем; кӯчонидани пойтахт чораи маҷбурӣ аст” гуфт Президент.
CNN рӯзи 17 ноябр бо истинод ба маркази миллии пешгӯии обу ҳавои созмонҳои обу ҳавои Эрон гузориш дода буд, ки боришот дар саросари кишвар дар муқоиса бо миёнаи дарозмуддат тақрибан 89% коҳиш ёфтааст. Тирамоҳи кунунӣ дар Эрон, тавре ки шабакаи телевизионӣ қайд мекунад, хушктарин дар 50 соли охир буд.
Соли 2024 Пизишкиён низ дар бораи зарурати кӯчонидани пойтахт аз Теҳрон ба соҳили ҷанубӣ сухан гуфта буд.
Пизишкиён қайд кард, ки Теҳрон бо мушкилоти ҳалнашаванда рӯ ба рӯ мешавад — норасоии об, ифлосшавии ҳаво ва фурӯ рафтани хок. Масъалаи кӯчонидани пойтахт дар Эрон бори аввал ба миён намеояд: соли 2013 Шӯрои Исломӣ аллакай чунин нақшаро тасдиқ карда буд.



