Ҳаштуми октябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури фарҳанг, Раиси Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон Муҳсини Ҷаводӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар додаанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили марбут ба таҳкими ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Эрон, ҳамчунин баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар ду мамлакат, ҷашнвораҳои муштараки театрӣ ва синамоӣ, намоишгоҳҳои китоб, таҷлили муштараки бузургони илму адаб ва фарҳанги ду давлат гуфтанд.
Блоки рекламавӣ



