28 октябр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи чоруми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок кард. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд.
Иштирокчиён зимни ҷаласа масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андешидани тадбирҳо оид ба мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, стратегияҳои идоракунии офатҳо ва буҳронҳо, густариши ҳамкории вилоятӣ ва наздисарҳадӣ, идоракунии раванди муҳоҷират ва амнияти сарҳад, ҳамкории минтақавӣ оид ба масъалаҳои нави технологӣ, аз ҷумла зеҳни сунъиро ба баррасӣ кашиданд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа оид ба нақши назарраси Тоҷикистон дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ сухан кард. Рамазон Раҳимзода доир ба масъалаҳои ҳамкории амнияти минтақавӣ, саҳмгузорӣ дар ташаббусҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва самтҳои эҳтимолии шарикӣ барои ҳалли мушкилоти муштарак андешаҳояшро баён сохт.

Теҳрон: Ҷаласаи чоруми вазирони ВКД – и кишварҳои узви СҲИ
Блоки рекламавӣ


