Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова ташриф оварда, ба сохтмони бинои нави театр санги асос гузошт.
Ҳамзамон, ба роҳбари вилоят лоиҳаи маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии «Конибодом сити» муаррифӣ гардид. Бунёди ин маҷмаа бо иқдоми ширкати сохтмонии “Империя” амалӣ гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтан барои шумораи зиёди сокинон ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад.
Раиси вилоят аз таҳияи чунин лоиҳаи замонавӣ истиқбол намуда, татбиқи тарҳҳои муосири сохтмониро дар дигар минтақаҳо низ муҳим арзёбӣ кард.Соҳибкорони ватандӯсти шаҳр — Зафар Очилов, Зариф Очилов ва Хуршед Очилов, ки қаблан дар хориҷи кишвар фаъолият доштанд, имрӯз сармояи худро барои ободонии диёри хеш равона намудаанд. Аз ҷониби онҳо меҳмонхонаи замонавӣ бунёд гардидааст, ки аз чор ошёна иборат буда, дорои 12 ҳуҷра барои қабули сайёҳону меҳмонон мебошад. Дар бино тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад.
Дар идома роҳбари вилоят бо лоиҳаи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарабхонаи замонавӣ дар деҳоти Куҳандиёр шинос шуд. Майдони Парчами давлатӣ бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба талаботи меъмории муосир лоиҳакашӣ гардида, бунёди он дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
Таъкид шуд, ки амалисозии чунин ташаббусҳои судманд дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш имконият фароҳам меорад, то шароити кору фаъолият беҳтар гардида, сатҳи маънавиёту фарҳанги ҷомеа боло равад ва мутахассисони соҳибкасб ба камол расанд.

Театри шаҳри Конибодом соҳиби бинои нав мешавад
Блоки рекламавӣ


