Дар Тоҷикистон соли 2025 мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 255,1 ҳазор кӯдакони навзодро ба қайд гирифтааст. Дар ин хусус директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 9 феврал дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт.
Ҳамчунин иброз гардид, ки соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд 1,4 фоиз зиёд шудааст. Зиёдшавии бақайдгирии таваллуд дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Дар вилояти Хатлон зиёдшавии бақайдгирии таваллуд 105,4 ҳазор нафар ё 1,9 фоиз, дар вилояти Суғд 62,8 ҳазор нафар ё 1,4 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 57,9 ҳазор нафар ё 1,2 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 25,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Аз рӯи маълумот, соли 2025 бақайдгирии таваллуд нисбат ба соли 2024 ба андозаи 1,0 фоиз зиёд шуда, 220,7 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 20,8 нафар рост меояд.
Тибқи таҳлили коршиносон, афзоиши табиии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд шудани таваллуд ва паст гардидани фавт дар замони соҳибистиқлолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,4 фоизро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби дигар, дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 ба 76,3 сол расидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь