Мақомот эълон кардааст, ки бинобар баргузор гардидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ бозору масҷидҳои пойтахт муваққатан баста мешаванд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки 12 октябр, фаъолияти бозорҳои “Корвон”, “Кӯшониён”, “Меҳргон” (ба истиснои нуқтаҳои фурӯши маводи хурокворӣ), инчунин марказҳои савдои “Панҷшер”, “Ганҷина” ва “Садбарг” муваққатан қатъ мегарданд.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки аз 7 то 12 октябри соли ҷорӣ, баргузории намозҳои ҷамоатӣ дар масҷидҳои “Мавлоно Яъқуби Чархӣ”, “Сари Осиё”, “Абӯ Ҳанифа”, “Ҳоҷӣ Исматулло” ва аз санаи 8-ум то 12-уми октябр масҷиди ба номи “Эмом-ал-Бухорӣ” муваққатан мавқуф гузошта мешаванд.
Сабаби ин басташавии бозору масҷидҳоро Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, рабт дод.

Дари баъзе бозору масҷидҳо дар Душанбе шаш рӯз баста мешаванд
Блоки рекламавӣ


