Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ният доранд580 шаҳрванди кишварро аз зиндонҳои Русия барои идомаи маҳкумият ба ватан баргардонанд.
Дар ин бора Максат Асаналиев, Прокурори генералии Қирғизистон рӯзи ҳафтуми апрел дар парлумон баён кард.
Ҳадаф ин аст, ки маҳкумшудаҳо мӯҳлати боқимандаи адои ҷазоро дар маҳбасҳои дохили Қирғизистон гузаронанд.
Ба гуфтаи Прокуори генералӣ, ҳоло беш аз 1423 шаҳрванди Қирғизистон дар зиндонҳои хориҷи кишвар қарор доранд. 1126 нафари онҳо дар зиндонҳои Русия мебошанд. Аксари онҳо бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шудаанд.
Дар ду соли гузашта ҳудуди 350 зиндониро аз Русия ба Қирғизистон истирдод карданд.
Маҳбусон ва наздикони онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо аз мақомоти кишварҳои худ хостанд, онҳоро барои идомаи адои ҷазо ба ватан баранд.
Дар порлумони Қирғизистон ҳам ин мавзӯъ чандин бор матраҳ шудааст.

Тасмими Қирғизистон
Блоки рекламавӣ


