Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар, баҳри сари вақт кашонидани партовҳо ва тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва ҳифзи муҳити зист Корхонаи давлатии коммуналии нигоҳдории роҳҳо, чароғонкунӣ ва ороишии шаҳри Бохтар таъсис дода шуд. Дар ин бора раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки ин корхона дар назди мақомоти маҳаллии шаҳр таъсис дода шуда, маблағузори он ҳукумати шаҳр мебошад.
Корхонаи мазкур дорои беш аз 20 техника буда 150 воҳиди корӣ дорад ва ҳамарӯза ба кашонидани партовҳо машғул аст.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Бохтар ҳамзамон Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар фаъолият дорад, ки ин корхона зертобеъи Кумитаи Хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таъсиси корхонаи нави коммуналӣ дар Бохтар
Блоки рекламавӣ


