Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 34-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 20-уми октябри соли 2025, хонаи ба иҷора гирифтаашро дар кӯчаи Борбади ноҳияи Сино ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, марди 37 ва ҷавонзани 18-солаи сокинони шаҳри Душанберо барои алоқаи ҷинсӣ намудан якҷоя намуда, аз онҳо 300 сомонӣ ҳақи хизмат гирифтааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 32 ва 39-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон як ҳавлии хонаи истиқоматиро дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ ба маблағи 2 ҳазору 500 сомонӣ ба иҷора гирифта ба ҳуҷраҳо тақсим намуда ҳуҷраҳоро ба фоҳишахона табдил дода, 19-уми октябри соли 2025, тахминан соати 23:30-дақиқа, ба марди 45 ва зани 47-солаи сокинони ноҳияи Муминобод ва шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, ҳақи хизмат 350 сомонӣ гирифтаанд.
Ҳамин тариқ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 35-солаи сокини ноҳияи Зафаробод, 15-уми декабри соли 2025, тахминан соати 12:00, бо маслиҳати пешакӣ ба шиносаш ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов зани 36-солаи сокини ноҳияи Зафарободро шинос намуда, барои алоқаи ҷинсӣ кардани онҳо дар меҳмонхонаи “Салимбек”-и ноҳияи Ҷ.Расулов шароит фароҳам оварда, бар ивазаш 900 сомонӣ гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь