Ҳукумати Русия ба муҳоҷирони тоҷик иҷозат дод, ки ташхиси тиббиро дар Тоҷикистон супорида, санадҳои зарурии тиббиро ҳаминҷо гиранд.
Ин санад 9-уми октябри соли 2025 дар Душанбе имзо шуда, ҳафтаи гузашта ҳукумати Русия онро барои тасдиқ ба Дума фиристод.
Баъзе расонаҳои русӣ бо такя ба Вазорати тандурустии Русия навиштанд, ташхиси тиббии муҳоҷирони тоҷик дар нуқтаи махсусе дар яке аз марказҳои тиббии Душанбе анҷом мешавад. Бо супоридани ташхис дар ватан, муҳоҷирони тоҷик дар Русия ташхиси такрорӣ намесупоранд.
Манбаъ мегӯяд, ин нуқтаи тиббӣ дар асоси қонунгузории Русия кор мекунад ва Тоҷикистон ин марказро аз супоридани андоз озод ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод менамояд.
Ҳамчунин кормандони ин марказ ба махзани маълумот дар бораи гирифторони бемориҳои ВИЧ, гепатит, сил ва бемориҳои сироятии Тоҷикистон дастрасӣ пайдо мекунанд.
Супоридани ташхиси тиббӣ барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия ҳатмӣ аст.

Ташхиси тиббӣ барои патентро дар Тоҷикистон месупоранд
Блоки рекламавӣ


