Шӯрои федератсияи Русия рӯзи ҳабдаҳуми март созишномаи ин кишварро бо Тоҷикистон барои таъсис додани ташхиси тиббии муҳоҷирон тасдиқ намуд. Муҳоҷирони тоҷик метавонанд пеш аз сафари Русия, дар худи Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Натиҷаи ин ташхис барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия зарур мебошад.
Созишномаи ташхиси муҳоҷирон дар ватан моҳи октябри соли гузашта дар Тоҷикистон имзо шуда, баъди тасвиб аз сӯи порлумонҳои ду кишвар иҷро гардид. Ин санад “қоидаҳои муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин расондани дигар хадамоти тиббиро тибқи қонунгузории Русия ба танзим меорад”. Дар як ё чанд дармонгоҳи шаҳри Душанбе нуқтаҳои муоинаи тиббӣ боз мешаванд, ки ба ташхиси муҳоҷирони меҳнатӣ қабл аз сафари онҳо ба Русия машғул мешаванд.
Хидмати ин ташхисгоҳҳо пулакӣ аст ва ба гуфтаи Саломиддин Юсуфӣ, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, 240 сомонӣ ё 25 доллар арзиш дорад. Пардохти маблағ бояд бо пули миллии сомонӣ сурат гирад.
Санади муоинаи тиббӣ дар ҳудуди Русия эътироф мешавад. Дар созишнома дақиқ оварда шудааст, ки ташхиси тиббӣ қабл аз сафар ба Русия танҳо барои онҳое лозим аст, ки бо мақсади кор ба Русия мераванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь