Хабаргузории расмии Сурия гузориш додааст, ки рӯзи 26 декабр дар пайи як таркиш дар масҷиди “Имом Алӣ” дар вилояти Ҳимс 8 тан кушта ва 20 тани дигар захмӣ шуданд.
Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки ин таркиш ҳангоми намози ҷумъа замоне рух дод, ки масҷид пур аз намозгузорон буд.
Ин ҳодиса дар минтақае рух додааст, ки бештари сокинони онро ақалиятҳои алавӣ ва шиаи Сурия ташкил медиҳанд.
Як мақоми амниятӣ дар Ҳимс ба хабаргузории “Франс пресс” гуфтааст, ки эҳтимолан маводи тарканда дар дохили масҷид ҷобаҷо шуда будааст.
Расонаҳои арабӣ гузориш додаанд, ки як гурӯҳи мусаллаҳ ба номи “Катоиби ансори сунат” масъулияти ин таркишро ба ӯҳда гирифтааст.
Ин гурӯҳ, ки чанд пеш аз мавҷудияти худ хабар дод, гуфта буд, ки ҳадафи ҳамлаҳои онҳо “нобудии комили шиаиён ва алавиён дар Сурия, ё водор сохтани онҳо ба муҳоҷират ба кишварҳои дигар” аст.
Ин гурӯҳ ҳамчунин масъулияти таркиши калисое дар Димишқ дар чанд моҳи пешро ба ӯҳда гирифта буд. Дар ин таркиш 22 тан кушта шуда буданд.

Таркиши дар масҷиди Сурия
Блоки рекламавӣ


