Шаби гузашта дар маркази шаҳри Кобул садои ду таркиш шунида шудааст. Сухангӯи Толибон (мамнуъ дар Тоҷикистон) Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст, ки ин ҳодиса талафоте дар пай надошт ва таҳқиқот дар мавриди он оғоз гардидааст.
Хабаргузории “Рейтерз” ва дигар расонаҳои байналмилалӣ ба нақл аз шоҳидони айнӣ аз шунида шудани ду таркиш дар соати тақрибан даҳи шаб ба вақти маҳаллии Афғонистон, хабар доданд.
Расонаҳои покистонӣ гузориш додаанд, ки ҳадафи ин ҳамлаҳои ҳавоӣ, раҳбарони муҳими Таҳрики Толибони Покистон буд.
Рӯзномаи англисизабони Pakistan Observer ба нақл аз манбаъҳои худ навиштааст, ки дар ҳамлаи ҳавоии Покистон дар Кобул, мошини Нурвалӣ Маҳсуд, яке аз раҳбарони баландпояи Таҳрики Толибони Покистон, ҳадаф қарор гирифт.
Бар асоси маълумоти ин рӯзнома, манбаъҳо ба онҳо гуфтаанд, ки Нурвалӣ Маҳсуд дар ин ҳамла захмӣ шуда, аммо кушта шудани ӯ то кунун тасдиқ нагардидааст.
Дар идомаи гузориш омадааст, ки ду тан аз ҳамроҳони Нурвалӣ Маҳсуд ҳам ҳадаф қарор гирифтанд. То ин лаҳза манбаъҳои расмии ҳукумат ё артиши Покистон дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь