Дар Тоҷикистон шуруъ аз 1 феврали соли 2026 тарифҳои нави барқу гармӣ ҷорӣ карда мегардад.
Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» 29 декабр дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ ва қабул карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ин лоиҳа бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявию иқтисодии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Блоки рекламавӣ



