Вакилони рус мехоҳанд намозгузорӣ ва баргузории ҷамъомадҳои динӣ дар биноҳои ғайриистиқоматӣ ва иншооти марбут ба онро манъ кунанд. Тарҳи қонун дар ин бора ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст.
Дар посух раиси Идораи марказии динии мусалмонони Русия пешниҳод кардааст, ки намозгузориро дар марказҳои савдо ва мағозаҳо иҷозат бидиҳанд.
Гурӯҳи вакилони иборат аз 67 нафар аз ҷумла Геннадий Зюганов, Леонид Слутский, Сергей Миронов, Алексей Нечаев ва Пётр Толстой, муовини раиси Думаи давлатӣ гуфтаанд, норозигии сокинони маҳаллӣ боиси таҳияи тарҳи қонуни маҳдудкунанда шудааст. Онҳо мехоҳанд, ки ба Қонун дар бораи озодии виҷдону иттиҳодияҳои динӣ ва Кодекси манзил тағйирот ворид карда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь